Дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои баландошёна таъмир шуда истодаанд

  Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи давлатии фаръии «Истифодабарию истеҳсолии манзил»-и шаҳр фаъолият дошта барои нигоҳубин,  тоза намудани гирду атроф ва таъмири хонаҳои баландошёна  корҳои заруриро амали менамояд.

  Роҳбарияти корхонаи давлатии фаръии истифодабарию истеҳсолии  манзилии шаҳри Кӯлоб дар давоми соли равон бо ҷалби аҳолӣ ва кормандони корхона 7- хонаҳои баландошёнаи кӯчаи С. Сафаровро таъмиру рангубор намуд.

  Масъулини корхона дар нақша  доранд, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ  хонаҳои баландошёнаи № №6,7,8,9,10,11,12  маҳаллаҳои  Ҳофизи Шерозӣ ва  Исмоили Сомониро  таъмир намояд.

 Айни замон корҳо дар ин самт идома дорад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code