Таҷлили 550- солагии Наҷдимиддини Кавкабӣ ва 400- солагии Сайидои Насафӣ

  Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №283  соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 550-солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик, Наҷмиддини Кавкабӣ (солҳои 1468- 1532) ва 400-солагии ситоишгари фарҳангӣ шаҳрдорӣ, суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ (солҳои 1618- 1707) ботантана таҷлил карда мешавад.

  Бояд қайд намуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади эҳёи мероси бузурги илмию таърихӣ, тарғиби арзишҳои умумибашарии фарҳанги тоҷикон ва тамаддуни мардумони Шарқи Миёнаю Наздик, тарбияи маънавӣ, таҳкими равобити сиёсию фарҳангӣ дар марҳилаи нави таърихӣ роҳандози гардидааст.

   Дар ин радиф аз тарафи шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва  робита  бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб нақшаи баргузории чорабиниҳо ва амалисозии тадбирҳои фарҳангӣ-маърифатӣ дар ташкилоту муассисаҳои  шаҳру деҳоти Кӯлоб таҳррези гардида, баргузории чорабиниҳо дар назар дошта шудааст.

                                                                  Бахши бойгонӣ- матбуотӣ 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code