Кишоварзӣ рушд меёбад

   Дар давоми шаш моҳи соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 115,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 млн. сомонӣ зиёд ё 14,5 фоизро дар бар мегирад. Дар майдони 10474 га кишт гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда  151 га зиёд мебошад.

   Бояд қайд намуд, ки дар ин давра майдони 10404 га (якҷоя бо кишти тирамоҳӣ) кишти зироатҳо  гузаронида шуд, ки 102,1 фоизи  нақшаи дурнаморо ташкил дода, ғаладонагиҳо – 2953 га ё 101,9 фоизи дурнамо, картошка- 151,ю3 ё 100,9%, сабзавот- 1001 га ё 100,1 %, аз ҷумла пиёз 353 га ё 100,8 фоизи дурнамо гузаронида шуд.  Дар ин давра  54 га боғи нав бунёд гардид, ки 108 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил дода, 23,5 га боғҳои куҳна барқарор карда шуданд.

   Кишти пахта мувофиқи дурнамо 3000 га пешбинӣ шуда, пурра иҷро гардидааст, ки айни замон озуқадиҳӣ идома дорад. Бояд қайд намуд, ки нарасидани нуриҳои минералӣ ба кишоварзон мушкилӣ овардааст.

  Дар ин давра истеҳсоли ғаладонагиҳо 10,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 ҳазор тонна кам мебошад. Истеҳсоли картошка 3,6 ҳазор тонна, сабзавот 23,8 ҳазор тонна, полезӣ-270 тонна ва меваҷот 675 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта- 1,0 ҳазор тонна, сабзавот- 11,6 ҳазор тонна, полезӣ-2,8 маротиба ва меваҷот 1,5 маротиба зиёд мебошад. Дар натиҷа нархи картошка, пиёз, полезиҳо дар бозорҳои дохилии шаҳр  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба пасттар мебошад.

Байхши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code