Рушди соҳаи сохтмон дар шаҳри Кӯлоб

  Дар ин давра сармояи асосӣ ба маблағи 43,7 млн. сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ 41,8 млн. сомонӣ ва корҳои пудратӣ 22,1 млн. сомонӣ иҷро гардиданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2,1 баробар 2,2 баробар  ва 1,4 баробар зиёд мебошад.

  Фонди асосӣ ба маблағи 54,4 млн. сомонӣ ба истифода дода шуда, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,4 баробар зиёд мебошад.

  Аз ҷониби соҳибкорон 14 иншоот, аз ҷумла 2 коргоҳи дӯзандагӣ, осиёб,  хонаи истиқоматии 6 ошиёна ба маблағи умумии 9,9 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд, дар 123 иншооти дигар, аз ҷумла 25 корхонаи саноатӣ, 4 муаасисаи таълимӣ, 7 муаасисаи тиббӣ, 5 иншоотҳои варзишӣ ва 26 муассисаҳои хизматрасонӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин давра 5974 метри мупаббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавридӣ истифода қарор дода шуданд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code