Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ

   Бо мақсади татбиқи “Стратегияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва эктремизм барои солҳои 2016-2020” бахши кор бо ҷавонон ва  варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дар якҷоягӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб, санаи 10-уми июли соли ҷорӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ”-ро байни ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб, дар Маркази ҷавонон баргузор намуданд. Дар чорабинии мазкур беш аз 35 нафар ҷавонони шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

 Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, пешгирии ҷавонон аз  шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, роҳ надодан ҷавонон ба амалҳои номатлуб, ичунин дар замири онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарварӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ равона гардидааст.

  Бахши кор бо ҷавонон ва  варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам тақвият дода, баҳри аз байн бурани амалҳои номатлуб тамоми чораҳои заруриро амали менамояд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code