Пешгири фурӯши пассифати маҳсулоти озуқаворӣ

  Маркази таъмини бехатари озуқаворӣ дар шаҳри Кӯлоб барои пешгирии манъбаҳои бемориҳои сироятӣ ва эъмин нигоҳ доштани вазъи эпизоотикии маҳал чораҳои заруруриро амалӣ намудааст.

 Дар бозорҳои «Саховат» ва «Сомониён» озмоишгоҳҳои Марказ фаъолияти доимӣ дошта мутахассисон маҳсулотҳои гушти, ширу, тухм ва дигар маводҳои ниёзи аввалро таъмин намуда, барои таъмини амнияти бехатари озуқаворӣ ҷораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

  Дар ин давра 38 нуқтаи фурӯши гӯшт ва мағозаҳои, ки ба фурӯши маҳсулоти гӯштӣ машғуланд санҷиш гузаронида шуда, нисбати 12 нафар маъмурӣ ба маблағи 2 ҳозор сомонӣ амалӣ карда шудааст.

 Барои пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот эмгузаронӣ амалӣ шуда, 17,7 ҳазор сар чорвои калони шохдор ва 11,9 ҳазор сар чорвои майдаи шохдор бар зидди бемории сӯхтанӣ ва 9,1 ҳазор сар счорвои калони шохдору 7,8 ҳазор сар чорвои майдаи шохдор бар зидди оқсил (ящур) эм гузаронида шудааст. Айни замон ҳолати эпизоотӣ муътадил мебошад.

Бахши  бойгонӣ- матбуотӣ

                                              

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code