Кӯлоб. Таъмири мактабҳо

   Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои таъмиру тармим ва рангуборкунии биноҳои таълимӣ ва синфхонаю ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ бо қувваи омӯзгорон ва кормандони хоҷагӣ  ҷараён ёфта истодааст.

  Дар корҳои таъмирӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, асотсиатсияи волидайну омӯзгорон ва соҳибкорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ  саҳм гузошта истодаанд.

   Айни ҳол дохили тамоми муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳо, кабинетҳои лабараторӣ ва роҳравҳо таъмир карда шуда, таъмири  намои берунаи муассисаҳои таълимӣ  оғоз мешавад.

                                                     Бахши бойгонӣ – матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code