Хоҷагидорӣ дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ

  Натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ ва пурмахсули деҳқонон аст, ки соҳаи кишоварзӣ рушду равнақи тоза ёфта,  бозорҳои дохилӣ аз ҳисоби маҳсулотҳои киштнамудаи кишоварзон ғанӣ гардида истода аст.

  Саҳмдорону хоҷагидорони чамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар баробари дигар заҳматкашон соҳа бо истифода аз тухмиҳои хушсифати ба иқлими маҳал мутобиқ корҳои деҳқониро  равнақ бахшида, кушиш доранд, ки дар таъмини озуқавории мамлакат саҳмгузор бошанд.

  Тибқи иттилои раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ Ҳусниддин Зардиев имсол дар майдони 1 770 гектар кишти баҳорӣ  ба роҳ монда шуд, ки аз ин 944 гектарашро кишти пахта ташкил медиҳад. Зимни суҳбат мавсуф иброз дошт, ки имсол  тухмиҳои баландсифати пунбадонаи Хатлон 2014, Ирам, Флеш,Тобон ва Бухоро 6  кишт карда шуда, нашъунамои пахта  имрӯзҳо дар ҳолати  хуб қарор дорад.

  Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зиракӣ кишоварзон ба кишту парвариши навъҳои гуногун сабзавот низ машғул гардида,  дар масоҳати 328 гектар кишт гузаронидаанд, ки аз ин 100 гектарашро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.

 Аҳли заҳмати ҷамоат минбаъд низ  мақсад доранд, ки истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзиро афзун намуда  ба ин васила сатҳи рӯзгори хешро бой гардонида,  дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат  саҳмгузор бошанд.

                                                            Бахши бойгонӣ-матбуотӣ     

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code