Ҳолати роҳҳо беҳтар мешавад

     Ҳолат ва сифати таъмири  роҳҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб  сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Барои боз ҳам беҳтар кардани сифати таъмир техникаҳои роҳсозӣ лозим мешавад. Аз ин лиҳоз вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ҷайка»-и Ҷопон ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии шаҳри Кӯлоб зиёда аз 22 техникаи роҳсозӣ ва дигар қисмҳои эҳьиётии техникаҳои номбурда барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои минтақаи Кӯлоб  ворид карда шудааст.

    То моҳи август ин шумора ба 97 адад расонида шуда ба Муассисаҳои давлатии нигоҳдории  роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб расонида мешавад.

                                                        Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code