Кишоварзӣ -фаровонии бозори истеъмолӣ

  Кишоварзони ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дар истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, баҳри  баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  ва бою ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ нақши муассир  мегузоранд.

  Хоҷагии деҳқонии ба номи «Обид Сироҷ»-и ҷамоати деҳоти Даҳана дорои зиёда аз 33 гектар  замини корами обӣ буда , ҳамасола дар майдони 5 гектар замини корами обӣ кишти ғалларо ба роҳ мемонанд, ки  бо риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ ва интихоби тухмиҳои минтақабоб ҳосили хуб ба даст меоранд.

  Хоҷагӣ дорои заминҳои корами обӣ мебошад, ки дар 15 гектар замин юнучқа,  3 гектар ҷуворимака барои дон кишт кардаанд.

  Лозим ба ёдоварист, ки  хоҷагидор ба чорводорӣ низ машғул буда,   то имрӯз барои хӯроки чорво 20 тонна бедаю юнучқа, 80 тонна силос захира карда,  ҷамъоварии хӯроки чорво  идома дорад.

  Саҳмдорону хоҷагидорони  ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда дар истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ба хадафҳои ниҳоии  худ ноил гардида,  дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузоранд.

                                                                 Бахши бойгонӣ –матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code