Ҷаласаи раиси шаҳр

   Санаи 2 июли соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардида, нахуст  масъалаи  Оид ба рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб мавриди муҳокима қарор дода шуд.

  Раиси шаҳр ҳангоми баррасии масъалаи мазкур иброз дошт, ки рафти амалишавии қонуни номбаршуда зери назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои таъмини иҷрои қонуни мазкур ҳар як падару модар масъулияти шахсӣ дорад.

   Аз таҳлилҳо бар меояд, ки вазъи ба қонунвайронкуниҳо дар байни ноболиғон дар шаҳру деҳот афзоиш ёфта, аз ҷумла сардори Раёсати маориф, котиби масъули комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши кор бо ноболиғони назди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр, котиби Шӯрои васояту парасторӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳотро зарур аст, ки нисбати ин масъула тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар байни ноболиғон вохӯрию сӯҳбатҳо, санҷишҳои муштарак ва ба лагерҳои истироҳатӣ фаро гирифтани хонандагон дар давраи таълил корбарӣ намоянд.

    Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла:

– ҳисоботи мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба фаъолияти сомона:

– ҳолати обмонии гулгаштҳо, дарахтон, гулу буттаҳо дар кӯчаҳои шаҳр ва назди биноҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ:

-омодагӣ ба ҷамъбасти ҳисоботи оморӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дигар соҳаҳо дар нимсолаи авали соли 2018

– рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб»

 – ҳолати духти либосҳои мактабӣ дар шаҳри Кӯлоб;

 -ҳолати ҷамъоварии маблағҳои барқи истифодашуда;

-сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва таъмири муассисаҳои  садамавию таъмирталаб;

– фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҳолати истеҳсоли маҳсулот;

– рафти таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии шаҳру деҳоти Кӯлоб

-ҳолати тоза намудани заҳбуру каналҳо, рафти нигоҳубини пахта  дар хоҷагиҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб

– вазъи тозагии шаҳр, корҳои ободонӣ дар шаҳр мавриди баррасӣ  қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, қарорҳои дахлор қабул гардида, вазифаҳо муайян карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code