Таҷҳизотҳои нави Ориён-Рустам

  Баъд аз вохӯрии Раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, ки санаи  22 июни соли ҷорӣ  бо соҳибкорони шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваста буд,  бархе аз соҳибкорони кулобӣ тавонистанд  дар коргоҳҳои хеш таҷҳизот ва технологияи нав  ворид намуда,  дар  бозори истеъмолӣ маҳсулоти хешро боз ҳам устувор ва рақобатпазиртар   гардонанд.

   Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ориён-Рустам» аз шумули чунин корхонаҳост, ки махсулоташ дар бозор рақобатпазир буда, сол ба сол номгӯи маҳсулот ва истеҳсоли онро афзоиш дода, шумораи коргарон ва музди меҳнати онҳоро зиёд менамояд.

   Корхонаи мазкур дар заминаи собиқ корхонаи гушти шаҳри Кӯлоб, ки даврони Шуравӣ фаъолият мекард,  фаъол гардида, айни замон намудҳои гуногуни маҳсулоти хурокворӣ истехсол менамояд. Дар ин коргоҳ  ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.

  Коргоҳ  ашёи хоми истеҳсолиро аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва хориҷи кишвар дастрас менамояд.

   Вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ  корхона тибқи шартнома бо яке аз корхонаҳои федератсияи Россия таҷҳизотҳои наву замонавӣ ворид намуда,  васлу насби ин таҷҳизотҳо  идома  ёфта истодааст.

   Дар истеҳсоли ҳасиб талаботи технология тибқи стандартхои умумиҷаҳонӣ  пурра риоя гардида  ҳар як навъи маҳсулот дар ҳарорату вақти муайян омода карда мешавад.

   Ҳамзамон бо  ворид гардидани технология ва  таҷҳизоти нав сифати маҳсулот беҳтар гардида, навъҳои нави ҳасиб истеҳсол мешавад.

  Ҳоло дар корхона анбори нигоҳдории ашёи хом, яхдон барои 100 тонна маҳсулоти тайёр таъмир карда шудааст, ки метавонад махсулоти истехсолшударо дар харорати лозима муддати тулонӣ нигоҳ дорад. Маҳсулоти корхонаи мазкур бо тамғаи истеҳсолӣ дар марказхои савдо ва бозорхои шахри Душанбе,  вилояти Хатлон ва ноҳияҳои минтақаи  Кӯлоб ба фуруш бароварда мешавад.

                                                    Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code