Конфренсияи илмӣ- назариявӣ дар мавзӯи рӯз

    Дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 29-уми июнӣ бо ташаббуси Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон дар минтақа ва  шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Тероризм ва экстремизм- таҳдид ба ҳаёти осоиштаи инсоният» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ибтидои  конфронс оиди мавзуъ филми ҳуҷҷатӣ ба намоиш гузошта шуд.

   Сипас мудири кафедраи иқтисодии ДДК, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Пиралӣ Назаров дар мавзӯи «Заминаҳои пайдоиши ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ин ҳаракатҳо»,  ховаршинос Зафари Мирзоён дар хусуси «Сиёсати давлат дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм», сармутахассиси Шуъба оид ба корхои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Умедҷон Эмомов дар мавзӯи «Ваҳдат, арзишҳои миллӣ ва ифротгароӣ», номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Гулчеҳра Муродова, намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб  Мирзозода Саидмуъмин, намояндаи ВКД дар минтақаи Кӯлоб Набизода Алиҷон Шодимад ва сархатиби шаҳри Кӯлоб  Ҳайдар Шарифзода дар мавзуи мазкур изҳори назар  намуданд.

  Дар кори конфронс мудири Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Сафарбек Шарифзода иштирок ва баромад намуданд.

Бахши бойгонӣ- маибуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code