Дастовардҳои толибилмони шаҳру деҳоти Кӯлоб

   Рӯзҳои 14, 15- уми апрели соли 2018 даври чоруми Олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар Мактаби Президентии байналмилалии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин даври Олимпиада хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб соҳиби ҷойҳои  ифтихорӣ гардида,   1 медали тилло, 2 нуқра ва  2 биринҷиро соҳиб  гардиданд.

   Рӯзҳои 21, 22-юми  апрел дар Мактаби Президентии байналмилалии шаҳри Душанбе Олимпиадаи ҷумҳуриявии  даставӣ баргузор гардид.  Дар ин Олимпиада хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб соҳиби 4  ҷойи ифтихорӣ, 2 нуқра ва  2 биринҷӣ гардидаанд.

  Рӯзҳои 5, 6 май дар мактаби Президентии байналмилалии шаҳри Душанбе Олимпиадаи ҷумҳуриявии номӣ баргузор гардид. Дар ин Олимпиада  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 4- ҷойи ифтихорӣ,  1 медали  тилло ва  3 медали  нуқра  гардидаанд.

  Рӯзҳои 12, 13- уми май дар литсейи хонадагони болаёқати шаҳри Душанбе Олимпиадаи ҷумҳуриявии наврасон баргузор гардид.

  Дар ин Олимпиада хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб соҳиби 5- ҷойи ифтихорӣ,  1- нуқра, 3- биринҷӣ ва  1 ҷойи барои иштироки фаъолона гардидаанд.

  Рӯзҳои 15.04.2018 дар мақтаби Президентии ноҳияи Данғара  озмуни байналмилалии математики «Кенгуру» баргузор гардид. 26 нафар  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб сазовори ҷойҳои 2-юму  3-юм ва  4 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд, ки 6 нафарашон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 нафар аз муассисаҳои типпи нав ва 14 нафар аз мактаби Президентӣ мебошад.

  Дар озмуни байналмилалии «Имасс»,  ки дар  мактаби Президентии байналмилалии шаҳри Душанбе баргузор гардид. 1- нафар хонандаи Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз мактаби Президентии шаҳр сазовори ҷойи 3- юм гардид. Дар маҷмуъ хонандагони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар олимпиадаҳо соҳиби  45 ҷой гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code