Тарабхонаи афсонавӣ бунёд гардид

   Дар ҷамоати деҳоти Зарбдор, назди дарвозаи шаҳри Кӯлоб  аз ҷониби соҳибкор Фарҳод Ғаниев   бахшида ба Соли рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тарабхонаи  афсонавӣ бунёд гардид.

  Тарабхона ба он маънӣ афсонавӣ аст, ки деворҳои он пурра аз най ва чуби дарахти бед бунёд шуда, чубҳо бо навиштаҷотҳо ҳаккокӣ карда шудаанд. Мизу курсиҳо низ аз кундаву чубҳо сохта шуда,  бо дизайни махсус оро ёфтаанд.

   Мизоҷоне, ки ба ин  тарабхона ворид мешаванд, гумон мекунанд ба  олами афсона ворид шудаанд.

Тарабхона ҳуҷраҳои оилавӣ, умумӣ ва дунафараву чаҳорнафара дошта 24  соат фаъолият мекунад.

                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code