Натиҷаи озмуни квотаи Президентӣ ҷамъбаст гардид

  Санаи 29 майи соли 2018 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии  шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ  Рӯдакӣ  даври ниҳоии қабули довталабони шаҳру деҳоти Кӯлоб  тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

   Дар даври ниҳоии сӯҳбат бо довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 162 нафар ғолибони даври дуюм ширкат  варзида, 33 нафари онҳо, аз ҷумла 17 духтар ва 16 писар соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дохил шуданд.

                                                                        Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code