Кишвари эрон пуштибони Хоинони миллати тоҷик аст!

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Зери ин суханони волои Ҳофизи Шерозӣ мо – тоҷикон бо ҳамзабон, ҳамтаъриху ҳамтақдир – яъне кишвари Эрон барои тақвияти равобити дуҷониба дасти дӯстӣ дароз карда, бо умеди робитаи хуб дар бахшҳои гуногуни давлатдорӣ пайдо кунем. Ҳамчун ҳамзабони худ дар паҳлуи якдигар истода, барои рушди ҳарду ҷониб иқдом менамоем. Аммо, мутаасифона, бо гардиши замону равиши вақт мушоҳида намудем, ки дар канори худ дӯстеро оғуш кардаем, ниятҳои нопоку ғаразнок доштааст. Дар остини худ боқимода аз решаи Заҳҳоки морон – душманони миллати моро парварда, бар муқобили мо тайёр мекардааст. Ба воситаи душманони миллат Эрон мехоҳад, мардуми тоҷикро боз ба ҳамон рӯзҳои тираву шум баргадонад. Нодиртарин дастовардҳои моро аз қабили Истиқлолият ва Ваҳати миллиамонро, ки бо хуни ҷон ба даст овардем, аз байн баранд. Мардуми моро мисли мардуми Ироқу Сурия сарсону саргардон карда, давлати моро аз байн барад ва миллати тоҷикро роҳгумзада гардонад. Аз ин миён маълум мегардад, ки ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Мехостам, ба кишвари гӯё дӯстӣ мо – Эрон суханони пурарзиши Пешвои миллатро хотирнишон намоям, ки “Таърихи миллати мо саропо аз муборизаҳои ошкору ниҳон барои нигоҳ доштани ҳастӣ, оини давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ иборат аст” дар баробари ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихори миллат ишораест ба имрӯзу ояндагон ҷиҳати ибрат гирифтан аз аҷдодони миллатдӯсту ватанпавармон. Яъне аз равиши таърихи худ таҷрибаи зиёде дорем, ки ягон ақидаву фишорҳо иродаву матини миллати моро шикаста наметавонад. Мо ҳар сония, ҳар даққиқа, ҳар лаҳза ва ҳамеша омодаем, ки ин марзу буми худро аз таъдиду хатарҳо ҷаҳони муосир ҳифзу ҳимоя намоем.

Аз давраҳои дури таърихӣ олимону донишмандон ва шоирону нависандагони мо инсонҳоро дар шеъру ғазалҳо ва асарҳо ба иттифоқиву ҳамдилӣ ва дӯстиву рафоқат даъват мекарданд. Дар бобати дӯстиву рафоқат устоди бузург, Қаҳрамони миллати тоҷикон Мирзо Турсунзода хело ба маврид гуфтааст:

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!

Халқи тоҷик халқи сулҳпарвару сулҳхоҳ аст. Тамоми халқиятҳои дунё моро ҳамчун миллати Ваҳдатхоҳу Истиқлолиятхоҳ мешиносанду ва эътироф мекунанд. Дар чунин маврид мо ин маҳбубиятеро, ки миёни давлатҳои дунё сазовор гардидаем ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳем дод. Агар имрӯз бо мо эрониён мисли душман рафтор кунанд, дар баробари ин боз даҳо давлатҳои дӯсту бо ҳам ошно дорем, ки дар ҳамагуна вазъият мо бо онҳо такя карда, якҷоя бо душманони худ мубориза хоҳем бурд.

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он асал, ки бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.

Имрӯз тамоми мардуми дунё аз амалҳои анҷомдодашудаи террористон ба дод омада, бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мубориза мебаранд. Дар ин миён Эрон ҳамзабону дӯстӣ мо худро хондаву душманони моро пӯштибонӣ менамояд. Дар ҳоле, ки бояд худи Эрон дар баробари дигар давлатҳои дунё дар муқобили гурӯҳҳои ифротӣ муоқовимат нишон дода, бар зидди ин проблемаи сатҳи ҷаҳонӣ ва доғи рӯз набояд бетараф бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақсадҳои муғризона ва гардолуди Муҳидин Кабирӣ роҳбари ТЭТ ҲНИТ огоҳ шуда, фаъолияти онро, ки дар он амалҳои ифротӣ дида мешуд манъ намуданд. Аз ин кишвари Эрон худ огоҳ ҳаст, вале бар замми ин аъзои ТЭТ ҲНИТ-ро роҳ додаву пуштибонӣ менамояд.

Дар санаи 21 май 2018 дар назди сафорати Эрон дар Тоҷикистон шаҳрвандони бонангу номӯси кишвари мо эътироз карда, аз намояндагии кишвари Эрон талаб карданд, ки хоинони миллати тоҷикро дастгирӣ накунанд. Зеро онҳо террористу ифротгаро мебошанд ва онҳоро ба Тоҷикистон супоранд. То он даме, ки душманони моро Эрон пӯштибонӣ мекунад мо низ дар навбати худ чунин иқдомҳоро зиёдтар хоҳем кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code