Эълон !

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба диққати  соҳибкорон ва шаҳрвандоне, ки майли ба соҳибкорӣ машғул шудан доранд,  мерасонад,  ки боғи ҳайвонот обод  гардонида  мешавад.

  Соҳибкорон метавонанд барои ривоҷ додани тиҷорати худ ва боз ҳам обод намудани боғи ҳайвонот дар ҳудуди боғ  дуконҳои тиҷоратӣ, атраксионҳо ва ҳавзи оббозӣ бунёд намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва маъмурияти боғи ҳайвонот  барои чунин амалҳои хайр ба Шумо шароити муносиб  фароҳам меоранд.

                              Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code