Кӯлоб. Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард

  Аз санаи 29 июни соли 2018 дар шаҳри Кӯлоб Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба фаъолият шурӯъ намуд.

    Кори Марказ аз имтиҳонҳои умумӣ  асосан аз санаи 1-уми июл ифтитоҳ ёфта, имтиҳонҳо вобаста ба ихтисосҳо  аз санаи 5-уми июл оғоз карда мешавад. Кормандони муваққатии аз муассисаҳои шаҳру деҳот ҷалб  гардида,  то санаи 1 июл корҳои омодагиро ба анҷом мерасонанд.

  Дар шаҳри Кӯлоб имтиҳонҳо дар 4-нуқта, муассисаҳои таълимии  №1 ,№6, №50, №51  сурат мегиранд.

                                                                                     Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code