Галереяи чакан

   Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб, меҳмонхонаи «Чинор» бо ҷалби беҳтарин ҳунармандони чакандӯз ва нақкош Галереяи чакан таъсис ёфтааст.

  Ҳунармандони ин маркази ҳунар тавонистаанд аз моҳи январи соли ҷорӣ то имрӯз садҳо армуғонҳоро омода, намуда пешкаши меҳмонону ҳаводорони ин ҳунари зебову  бостонӣ намоянд.

  Дӯхт ва дизайни ашёҳои омодашуда бо усулу рангомезиҳои чакани аҷдодон дар сатҳи профессионалӣ пешкаш карда мешавад, ки  ҳама аркони чакандӯзӣ дар онҳо риоя мегардад.

                                                                   Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code