Обмонии хиёбону гулгаштҳо

    

   Ба хотири обмонии буттаву дарахтони  хиёбону гулгаштҳо, гулу гиёҳи канори роҳхои шаҳру деҳоти Кӯлоб  ва кумак ба кормандони КФД «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ» тибқи нақшаи тасдиқгардида аз 19 июни соли ҷорӣ мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дигар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ташкилоту муассисаҳо ба минтақаҳои алоҳида вобаста гардиданд.

  Имрӯз гурӯҳҳои корӣ аз қитъаи ба онҳо вобаста шуда дидан намуда, бо роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати об додани гулу гиёҳи дар ҳудуди  муассисаи  онҳо қарор дошта  суҳбат доир  намуданд.

                                                                         Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code