Либосдорӣ ва фарҳанги он (Аз қадим то имрӯз)

Ҳунар бехтар аз гавҳари номдор,

Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.

Туро бо хунар гавхар асту хирад,

Равонат ҳаме бо ту ромиш барад.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш баробари дигар масъалаҳои мубрами рӯз нисбат ба эҳё ва рушду тараққӣ додани сайёҳӣ таъкид доштанд, ки Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

   Ин пешниҳоди Пешвои миллат аз як тараф барои рушду равнақ ёфтани сайёҳию эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ боис гардад, аз тарафи дигар барои беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум замина мегузорад.

  Фарҳанги либосдории тоҷикон аз нигоҳи олимони таърихшинос, махсусияти худро дорад. Мо имрӯз куртаҳои занонаи замонавиро вомехӯрем, ки ҳар як зани тоҷик онро аз диди худ оро дода, гулдӯзӣ карда, ба бар менамояд. Чакан ҳамчун навъи кашидадӯзӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маъмул аст. Онро болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх, сабз ва сафед бо риштаҳои муякии рангин гӯлдӯзӣ мекунанд.Ҳунари кашидадӯзӣ ниҳоят қадима аст. Замонҳои қадим барои чакандӯзӣ карбосро истифода мебурданд.Солҳои 80-уми асри ХХ дар ноҳияи Фархор қабри духтарчаи 6-7 сола ёфт шуд, ки камзӯлчаи беостини карбосӣ дошта, дар тахтапушташ бо симҳои нуқрагин дарахти ҳаёт ва дар шохаҳои дарахт ду бул-бул гӯлдузӣ шуда буд. Ҷуғрофидони асри Х Муқаддасӣ дар бораи Хатлон навиштааст, ки «Аз Хатлонзамин гӯлдӯзиҳои беҳтарин, зарбофтҳои зебо ба бозори ҷаҳонӣ мебаранд». Ин шаҳодати он аст, ки дар замони Сомониён дар Хатлонзамин марказҳои чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва гулдӯзӣ амал мекарданд. Нақшҳои чакан мавзӯъҳои алоҳидаро дар бар мегирифт. Дар замони ислом тасвири ҷонварон манъ гашт. Нақши себарга дар чакандӯзӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад ва инчунин нақши шерози поҷома ва остинро ороиш медиҳад. Аз нақши растаниҳои буттагӣ дар чакандӯзӣ барои ороиши рӯйҷои арӯсӣ, зардеворӣ истифода мешавад. Ин нақшро пеш аз ислом чун рамзи ҳаёт тасвир мекарданд. Истифодаи рангу бор дар ҳунари чакандӯзӣ ба табиати макони зисти ҳунармандон вобаста аст. Чакандӯз кӯшиш менамояд, ки ба воситаи риштаҳои рангоранг тароват ва зебоии маҳалли худро рӯйи матоъ орад. Одатан дар ноҳияҳои кӯҳсори Ғарму Кӯлоб курта, болишт, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, чойхалта, руймоли мардона ва ғайра чакандӯзӣ карда мешавад. Ҳар нақши болои матоъ ном дорад, чунончи косагул, барги бед, бодом, каҷак, лола, думи товус, моҳу ситора, пайи гунҷишк, коса ва ғайра.

   Занону духтарони Хатлон аз пилла ё пахта ришта тайёр намуда, онро бо рангҳои ҳархела ранг карда, аз ин риштаҳои ранга куртаи чакан, тоқии мардона, даврӣ, рӯймолҳои миёни мардона, руйҷо, зардеворӣ, болишт, пардаи тиреза медӯхтанд. Духтароне, ки арӯс мешуданд, бе ин гуна сӯзанию гулдӯзӣ ё куртаҳои чакан тӯйи худро тасаввур намекарданд.

  Либосҳои миллии мардонаи Хатлонзамин, яъне ҷома, салла, миёнбанд, куртаҳои духти мардонаро ҳоло ҳам мардон ба бар мекунанд. Мардони тоҷик ҳамеша дар ҳама либосҳои худ миёнбандро истифода мекарданд.

  Ҳунари гулдӯзии тоҷикони кӯҳсор аз гулдӯзии водинишинон бо хосиятҳои хоси худ фарқ мекунад. Вақте ки шумо ба ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон сафар кардед, беихтиёр ҳукмрон будани як рӯҳияи ҷашнворамонандро дар кӯчаҳои деҳот ҳис хоҳед кард. Ин гуна эҳсосот аз дидани сару либоси рангину гулдӯзишудаи занону бачагон ва мардон ба кас пайдо мешавад. Пироҳанҳои занонаи гуногундӯхти миллӣ ва гулдӯзии зебо худ бинандаро ба ҳайрат меоваранд. Пироҳанҳои маҳалҳои кӯҳистон дароз буда, бурриши озоду соддае доранд.

  Пероҳанҳое ҳастанд, ки гулдӯзиашон дар атрофи гиребон ҷой гирифта, то камар мерасад. Навъи дигари гулдӯзии пероҳан доман ва остин мебошад. Остинҳои васеъдӯхт ҳатман гулдӯзӣ мешаванд, ки бо гулдӯзии бақияи пироҳан омехтаи ягонаи ҳунариро ба вуҷуд меоваранд. Ороиши пероҳанҳои гулдӯзи бо гулдӯзии сӯзанӣ, борпуш ва рӯйҷо умумияти зиёде дорад. Гулдӯзии пурҷило бо шукӯҳу мукаммали бадеии худ ҳайратовар аст. Баъзан кас бовараш намеояд, ки чи гуна дӯзанда дар як пероҳан ин қадар рангу бори зиёду шаклҳои наққоширо ҷой медиҳад. Дар Кӯлоб ва атрофи он косагулҳои майда, бештар навъи гирдбод маъмул буда, шерозаи доман аксар вуҷуд надорад. Дар Қаротегину Дарвоз баръакс, доман шерозаи васеи зебо дошта, ба гулдӯзии қисми пеши пероҳан васл мегардад. Баъзеи онҳо аз айёми бостон то ба имрӯз расидаанд. Пероҳанро бештар аз сатини зард, ҷигариранг, сурх ва карбоси сафеди зардчатоб медӯзанд. Тарзи маъмултарини гулдӯзии пероҳан як навъи босмадӯзӣ аст, ки дар тамоми гӯшаву канори Осиёи Миёна машҳур мебошад.

  Занони гулдӯзи халқӣ, ки табиатро хеле нозукона эҳсос мекунанд, дар гулдӯзӣ олами рангини атрофи худро ба таври хоса инъикос карда, хосият ва таассуроташонро дар он баён месозанд. Возеҳӣ ва муназзамии нақшу нигори тоҷикони кӯҳистон ба таркибҳои мунаққашии муътадил ва ороми тоҷикони водинишин ҳеҷ монандӣ надоранд. Бинобар он гулдӯзии тоҷикиро бо ду қисм, яъне гулдӯзии тоҷикони кӯҳӣ ва водинишин ҷудо мекунанд, ки ҳарчанд ҳар кадом фарқияти бадеӣ дошта бошанд ҳам, дар таъсири байни ҳамдигарӣ воқеъ ҳастанд.

   Гулдӯзиҳои ороиширо асосан барои ҷашнҳои калони оилавӣ, махсусан барои тӯйҳо, ки дар ҳаёти халқ мақоми хосе доранд, тайёр менамоянд. Гулдӯзӣ ҳатман ба маҳри арӯсу домод дохил мешавад. Бинобар ин ҳар як, зани тоҷик ҳанӯз аз айёми кӯдакии фарзандаш барои ӯ тайёрӣ мебинад. Мудатҳои пеш аз тӯй дар хонаи арӯсу домод ташвиши зиёд авҷ мегирад. Модар ва модаркалон гулдӯзиҳои қадимиро аз сандуқҳои худ, берун меоранд ва албатта ин дам шаби арусиаш низ ба хотир меояд, ки он вақт ин ашё ба деворҳо овехта шуда буданд. Албатта, онҳо мехоҳанд, ки барои писар ё духтарашон ашёи наве дӯхта шавад. Дар вақти ин буру дӯз худи арусшаванда ҳам ширкат меварзад. Бинобар ин духтаронро ба кори гулдӯзӣ аз синни 10-12 солагӣ ҷалб менамоянд. Дар замони гузашта дузандагӣ қариб машғулияти ягонаи занон буд ва омӯхтани ин ҳунар барои духтарон ҳатмӣ ба ҳисоб мерафт. Дар замони ҳозира аз ин қоида аксаран (махсусан дар шаҳрҳо) сарфи назар карда мешавад. Аксар вақт дида мешавад, ки гурӯҳи занони 5-6 нафарӣ ягон сӯзании калонҳаҷмро дар якҷоягӣ медӯзанд. Доираи калони мунаққаши сӯзаниро, ки қаламкаши махсус мекашад, аз дарз ҷудо карда, алоҳида медӯзанд ва пас дар шакли муҳайё ба ҳам мепайванданд. Пеш аз ҳама тасвири рӯи гулдӯзӣ, рангу бори матоъ ва тарзи бахиядӯзии он дар байни дӯзандаҳо муҳокима карда мешавад.

   Ҳарчанд гулдӯзӣ аз рӯи нусхаи тайёр духта шавад ҳам, ҳар як дӯзанда бо тарзи иҷрои амал ва рангу бори истифода кардаи худ ба он чизи тозае илова мекунад. Бинобар ин ингуна гулдӯзиҳо хеле ҳаётӣ ба назар расида, гӯё аз қиссаҳои зиёди шавқангез ҷамъоварӣ шудаанд.

   Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ҳунари гулдӯзии тоҷикона ки қариб аз байн рафта буд, имрӯзҳо аз нав эҳё шуда истодааст. Бинобар ин ҳамаи занони тоҷикро  ба эҳёи ин ҳунари аҷдодӣ   даъват мекунем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code