Кӯлоб . Ҷамъоварии ғалла бо маром идома дорад

   Кишоварзони кооперативи тиҷоратии Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри  Кӯлоб ба ҷамъоварии ғалла шурӯъ карда,  аз майдони умумии 820 га аллакай 400 га-и онро ҷамъоварӣ намуда, хосилнокии ҳар як гектарро  дар заминҳои корами обӣ ба 40-45 сентнерӣ расониданд. Аҳли заҳмат ният доранд, ки баъди ҷамъоварии ғаллаю сабзавоти барвақтӣ дар майдони 400 гектар кишти такрорӣ гузаронанд.

  Дар саҳроҳои кооперативи тиҷоратии Мир Сайид Алии Хамадонӣ бо истифода аз се адад техникаҳои ғалладарав  ҳамарӯза 40- 50 га майдони ғалла ҷамъоварӣ карда мешавад.

   Дар кооперативи мазкур нисбат ба истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замини корами обӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Кишоварзон ният доранд баъди ҷамоварии ғаллаю сабзавоти барвақтӣ, бахусус пиёз, ки  ҳосилнокии он аз ҳар як гектар наздики  400 сентнерирро ташкил дод. Кишоварзон ният доранд кишти такрории лубиё, донагӣ, мош, бодиринг, ва ҷуворимаккаро дар 100 гектар ба роҳ монанд.

   Дар дигар ҷамоатхои деҳоти шаҳри Кӯлоб низ ҷамоварии ғалла ва сабзавоти барвақтӣ идома дошта, кишоварзон ният доранд дар заминҳои аз ғаллаю сабзавоти барвақти озодшуда барои фаровонии бозори истеъмоли кишти такрориро вусъат бахшанд.

                                        Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code