Ваҳдат – саодати мо

 

      

  Имрӯз ид аст, иди Ваҳдати сартосарӣ. Дар тамоми ҷумҳурӣ чорабиниҳо бахшида ба ин санаи мубораку тақдирсоз бо шукӯҳу шаҳомати  беандоза доир шуда истодаанд.

  Дар шаҳри Кӯлоб низ ин чорабинии муҳими таърихӣ  ҷолибу хотирмон ва диданӣ гузашт. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб то рӯзи 27 июн дар ҷамоатҳои деҳот, Донишгоҳу муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ба муносибати ин иди муқаддас доир шуданд.

  Чорабинии тантанавии умумишаҳрӣ бахшида ба 21-солагии Вахдати миллӣ бо иштироки фаъолони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб доир карда шуд. Қабл аз оғози чорабинӣ роҳбарияти шаҳр ва фаъолону собиқадорон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ҳунармандони шаҳр, ки ба истиқболи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ороста шуда буд, дидан намуданд. Диққати тамошогаронро ҳунари чакану қаламарезию дӯандагӣ ҳунармандони ҷамоатҳои деҳот,  созҳои мусиқии   оилаи Холовҳо, нақшофаринии рассомони чирадаст ва бозиҳои варзишии варзишгарони шаҳри Кӯлоб  бештар ҷалб намуд.

 Баъд аз баррасии табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб ба як зумра фаъолону собиқадорон ва саховатмандоне, ки дар бунёди сохтмонҳое, ки ба тариқи ҳашар сурат гирифта истодаанд, кумаки амалии хешро расонидаанд,  ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  супорида шуд.

  Чорабиниро барномаи консертӣ ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб, театри мусиқӣ- мазҳакаи   ба номи Сайдалӣ Вализода ва ансамбли Фалак  идома бахшид. Аз рақсу шодии иштирокдорони чорабинӣ аён буд, ки дар ҳақиқат Ваҳдат  саодати ҳар яки мо маҳсуб меёбад.                                                       

                                                                  Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code