Нашъамандӣ- вабои аср

  Ҳамасола санаи 26 июн дар  тамоми олам Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиддӣ маводи нашъаовар таҷлил карда мешавад.

   Санаи 23.06.2018 дар боғи марказии шаҳри Кӯлоб  бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва суйистеъмоли воситаҳои нашъадор ҳамоиш баргузор шуд.

   Муовини раиси шаҳр Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова ба сухан баромада аз ҷумла қайд намуд, ки дар шаҳри Кӯлоб маркази вилоятии зидди бемории нашъамандӣ фаъолият мекунад, ки дар ин марказ мутахассисони ботаҷриба ва баландихтисос кор ва фаъолият доранд. Ҳарчанд аз тарафи мутахассисони маркази вилоятии нашъамандӣ дар якҷоягӣ бо марказхои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ бо тариқи телевизион, радио вохӯрӣ бо ҷавонон гузаронида мешавад, вале дар шаҳру деҳотии Кӯлоб гирифторони беморони нашъамандӣ нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёд мебошад. Тибқи  маълумоти омори имрӯз дар шаҳру деҳот зиёда аз 450 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шудааст, ки дар байни инҳо мутаасифона занон низ ба қайд гирифта шудааст.

  Муҳаббат Абдуллозода– сардори шуъбаи байниноҳиявии  Кӯлоби  Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда гуфт, ки  нашаъмандӣ вабои аср аст, ки охирҳои асри 20 ва ибтидои асри 21 пайдо шуда масъалаи глобалии тамоми ҷахониён гаштааст. Нашъамандон  бо сабабҳои дур  гаштан аз ғаму дард ва бартараф намудани нуқсону камбудиҳои худ  ва нодониву айшу ишрат ба  ин амали номатлуб даст мезананд.

  Хулосаи суханонони баромадкунандагон ин буд, ки пеши роҳи ин амали носазоро бо ҳар усулу навъе, ки бошад бояд бигирем, зеро ин тоифа пайвандони хеш ва ҷомеаро  шармсор мегардонад.

   Аминем, ки бо мурури айём нашъамандӣ чун хори роҳи зиндагӣ паҷмурдаву поймол мегардаду солимақлию меҳнатдӯстии ҷавонони миллат пирӯз мегардад.

  Чорабиниро мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди тенниси рӯи миз, гуштини миллӣ, волейбол шоҳмот, футболи хурд ва вазнбардорӣ ва викторинаи саволу ҷавоб  ҷавоб идома бахшид. Ба ғолибони мусобиқаҳо ва викторинаҳо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои  хотирмон тақдим карда шуд.

                                              Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code