Ташрифи раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб

  Субҳи рӯзи 22 июни соли ҷорӣ   раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи  саноати шаҳри Кӯлоб ва дар ин радиф ҷиҳати кӯмак ба корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.

    Раиси вилоят нахуст аз корхонаи ҶСК «Суғдиён», ки ба  истеҳсоли орд машғул аст, дидан намуд. Роҳбари феълии  корхона  Сорбон Шарифов дар якҷоягӣ бо ҳайати кории вилояти Хатлон, бахусус раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  ва раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Хайрулло Амонулло аз рафти кори корхона шиносоӣ пайдо намуданд. Роҳбари корхона меҳмононро  бовар  кунонид, ки дар муддати як моҳ дар корхона  таҷҳизотҳои истеҳсоли макарон ворид менамояд.

   Ҳамзамон ҳайати корӣ  аз корхонаи дӯзандагии  «Кооператор»,  ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғул аст,  дидан намуда, аз кори ин коргоҳи ҳаётан муҳим  ошноӣ пайдо намуданд.

   Дигар корхонае, ки мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифт, ин корхонаи   Тента Кӯлоб буд,  ки аз ҷониби соҳибкорони чинӣ ба иҷора гирифта шуда, ба истеҳсоли коркарди нахи пахта машғул аст. Раиси вилояти Хатлон, муҳтарам  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  дар корхонаи мазкур ба соҳибкорони хитоӣ  масъалагузорӣ намуд, ки барои ворид намудани  таҷҳизотҳои нави истеҳсолӣ аз қабили таҷҳизотҳои рангу бори нах  ва дастгоҳҳои бофандагӣ ворид намоянд.

  Ба роҳбари корхонаҳои мазкур супорида шуд, ки ба таъмиру тармим ва сабзу хуррам нигоҳ доштани корхонаҳои худ  диққати махсус диҳанд.

   Сипас вохӯрии раиси вилояти Хатлон муҳтарам  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар қароргоҳи раиси вилояти Хатлон бо иштироки аҳли ҷамоатчигии шаҳр,  муовини  раиси вилояти Хатлон, Зоирзода Умед, муовинони раиси шаҳри Кӯлоб,  намоянагони ҳифзи ҳуқуқ, соҳибмулкон,  роҳбарони  корхонаҳои саноатӣ ва  соҳибкорон  идома ёфта, масъалаи кор накардани  бархе аз корхонаҳои саноатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

  Зоирзода Умед  -муовини раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло аз вазъи кунунии саноати шаҳри Кӯлоб маълумот дода, қайд карданд, ки корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар панҷ моҳи соли 2018 дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 71,2 млн  сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли 2017 8,6 млн сомонӣ зиёд буда, 113,9 фоизи нақшаро ташкил дод.

   Дар шаҳри Кулоб айни замон 50 адад корхонаҳои  саноатӣ  аз ҷумла 3 корхонаи истеҳсоли хишти пухта, 4 корхонаи коркарди шир, 8 корхонаи коркарди санг ва истеҳсоли маҳсулотҳои бетонӣ ва асфалт, 2 корхонаи истеҳсоли ҳасиб, 11 корхонаи пахтатозакунӣ, 3 корхонаи коркарди оҳан ва симтур, 3 корхонаи дӯзандагӣ, 5 корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои қаннодӣ ва меваи хушк, 2 корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва оби ҷав, 1 корхонаи коркарди металҳои ранга, 1 корхонаи истеҳсоли маҳсулотхои чопӣ, 1корхонаи истеҳсоли орд, 1 корхонаи истеҳсоли ришта, 1 корхонаи истеҳсоли чой аз алафҳои табиӣ ва 1 корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ба қайд гирифта шудааст.

  Мутаассифона дар ин давраи соли ҷорӣ аз 50 адад корхонаҳои бақайдгирифташуда, 8 адади он зиёда аз 2 сол боз фаъолият надоранд. ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб», ҶДММ «Усмон-Д», ҶДММ «Сайдалӣ-А», ҶДММ «Панҷараҳои Пластикӣ», ҶДММ «Ёхсучиён», ҶДММ «Далер», ҶСК «Кӯлобгаз»,ки  сабаби асосии ин кӯҳнаю фарсуда шудани техника ва технологияи истеҳсолӣ,  хунукназарии соҳибмулкон, набудани қарзҳои имтиёзнок, буҳрони иқтисодӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

  Тибқи накшаи амал дар соли ҷорӣ бояд 10 адад корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ  ба истифода дода мешуд,  дар 5 моҳи соли ҷорӣ 12 коргоҳи истеҳсолӣ бо 93 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла 4 коргоҳи дӯзандагӣ 6 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ , 1 адад коргоҳи қаннодӣ ва 1 коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ.

  Бояд қайд намуд, ки ҶДММ «Тента Кӯлоб»  солҳои зиёд  фаъолият надошт, ки боиси  бекор мондани зиёда аз 120 нафар коргарон гашта буд. Бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корхонаи мазкур ба соҳибкорони чинӣ ба муҳлати 5 сол  иҷора дода шуда, айни замон корхона пурра таъмир гардида  ба фаъолият оғоз  кард.

   ҶДММ «Амон-Ш», ки зиёда аз 2 сол боз фаъолият надошт дар натиҷаи чораҳои андешида шуда ба номи ҶДММ «Амон-1» пурра ба фаъолият дароварда шуд.

   Бо қарори дахлдори раиси шаҳр тариқи «Равзанаи ягона» ба соҳибкорон барои бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ дар муддати  то 5 рӯз ҷудо намудани қитъаи замин шароити мусоид фароҳам оварда шудаст.

   Айни ҳол аз тарафи соҳибкор Намозов А, ки ба ӯ қитъаи замин дар минтақаи саноатӣ ҷудо гардида буд, корхонаи истеҳсоли алибастр сохта шуда, тамоми таҷҳизотҳои истеҳсоли ворид кардашуда дар корхона насб гардидааст. Корхонаи мазкур дар Рӯзи ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

  Дар давраи ҳисоботӣ  25 адад корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулотро  нисбат ба соли гузашта  зиёд намудаанд.

   Раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки ҷиҳати ба кор даровардани 9 адад корхонаи  саноатии бозистода чораҷуӣ  намоянд.

  Ҳамзамон раиси вилоят соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатиро бовар кунонид, ки барои дастгирӣ, бахусус ҷиҳати дастрас намудани маблағҳо  ба онҳо кӯмаки хешро дареғ намедорад.

                                                    Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code