Машварати назоратии раиси шаҳр

   Санаи 18 июни соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардида, нахуст   масъалаи «Рафти иҷрои Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар соли 2012-2020» мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар муҳокимаи ин масъала қайд шуд, ки дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати дастгирии пайвастаи  соҳибкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид менамояд, ки  истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ ба роҳ монда мешавад.

Инчунин қайд карда шуд, ки гарчанде нисбати дастгирии соҳибкорӣ дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои назаррас амалӣ шуда бошад  ҳам, то ҳол лоиҳаҳои аз тарафи соҳибкорони шаҳру деҳот ба мақомоти дахлдор кам пешниҳод карда мешаванд. Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро  зарур аст, ки дар ин самт аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинару омӯзишҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати соҳибкорон бештар доир карда шуда, оиди омодакунонии лоиҳаҳо бо онҳо кор бурда шавад.

Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла:

– омодагӣ ба ҷашнгирии рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру деҳот(27- июн)

– рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба  омодагӣ ба Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб»

– ҳолати духти либосҳои мактабӣ дар шаҳри Кӯлоб;

 -ҳолати ҷамъоварии маблағҳои барқи истифодашуда;

– сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва таъмири муассисаҳои

  садамавию таъмирталаб;

– фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҳолати истеҳсоли маҳсулот;

– рафти таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии шаҳру деҳоти Кӯлоб

– ҳолати тоза намудани заҳбуру каналҳо, рафти нигоҳубини пахта

  дар хоҷагиҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб

– вазъи тозагии шаҳр, корҳои ободонӣ дар шаҳр мавриди баррасӣ

  қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда,

  қарорҳои дахлор қабул гардида, вазифаҳо муайян карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code