Иҷрои қонун аз масъулин масъулияти баландро тақозо менамояд

    Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб имрӯз ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба комиссияи ҳуқуқи кӯдак  ҷиҳати баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо ширкати  муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова, масъулини раёсати маориф, намояндагони  комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва  директорони муассисаҳои таълимӣ  ва падару модарон доир карда шуд.

Кенҷамоҳ Маҷидова машваратро ифтитоҳ бахшида оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гуфта гузашта асосан атрофи рафтори номатлуби бархе аз ноболиғон ки даст ба ҷиноят задаанд, изҳори нигаронӣ намуд.

Дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳои ба ин самт равона шуда дар соли 2018 аз ҷониби мақомоти ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дахдори шаҳр 80 вохӯрию сӯҳбатҳо бо аҳли  ҷамоатчигӣ ва 23 амалиёти муштараки мақсадноки профилактикӣ дар кӯчаю бозорҳо, марказҳои компютерӣ, масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳру деҳот бо номҳои «Тартибот», «Наврас», «Бозор», «Оворагард», «Масҷид» ва чорабиниҳои дигар мақсаднок гузаронида шуданд.

Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд,ки  Қонуни мазкурро ҳар семоҳа мавриди   муҳокима қарор дода минбаъд низ барои амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои судмандро амалӣ намоянд.

                                 Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code