Марҳамат ба шаҳраки саноатӣ

   Дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб  ҷиҳати бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ  ва дар ин замина бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб  барои бунёд намудани шаҳраки саноатӣ   6,90 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Аз ин ҳисоб аллакай 3,05  га замин барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба соҳибкорон  тақсим карда шуда 3,85 гектари  дигари он  ҳанӯз боқӣ мондааст.

  Аз соҳибкороне, ки ба онҳо ин қитъаи замин  ҷудо карда шудааст, аллакай соҳибкор Абдулло Намозов корхонаи алибестербарориро сохта таҷҳизотҳои онро ворид намудааст.

 Хоҳишмандоне, ки хоҳиши сохтани коргоҳҳои саноатиро доранд, метавонанд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бо ариза муроҷиат намоянд.

                                           Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code