Кӯлоб. Парвариши чорвои хушзот

   Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Даҳана хоҷагидорон парвариши чорвои калони хушзотро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаи хуб ба бор овардааст.

    Яке аз чунин хоҷагиҳо ин хоҷагии деҳқони «Обид Сироҷ»  мебошад, ки ба нигоҳубини чорвои калони хушзоти сиёҳало машғул мебошад.

   Хоҷагидорон чил сар чорвои калони хушзоти сиёҳалоро аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид намуда, ният доранд, ки ин шумораро ба 90  сар расонанд. Барои парвариши чорво хоҷагӣ  фермаи ҳозиразамон бунёд намуда  истодааст, ки айни  ҳол 12 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ  дар бунёди ин ферма машғуланд.

Хоҷагӣ дорои заминҳои корам буда дар 15 гектар юнучқа кишт намуда,  дарави якумро ба анҷом расонида дар се гектари дигар ҷуворимакка барои дон бо лаблабу кишт карда шудааст.

Хоҷагӣ дар 5 гектар ғалла, 7 гектар пахта кишт намудааст, ки баъди ҷамоварии зироатҳо сабус ва кунҷораи онҳоро барои хӯроки чорво ба роҳ мемонанд. Хоҷагӣ то  имрӯз  20 тонна бедаю юнучқа ва 80 тонна силос барои чорво омода намуддаанд, ки зимистонро бе мамоният мегузаронад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code