Мусобиқаи футбол байни наврасон

   Дар асоси накша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ  бо Федератсияи футболи Точикистон таи ду моҳ боз чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол байни наврасони сину соли ( u-15) баргузор шуда истодааст. Санаи 18 июни соли равон ҷамбасти марҳилаи дуюми чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтакаи Кӯлоб, байни наврасон баргузор гардид. Дар ҷамъбасти мусобиқа  ҷойи 1- насиби дастаи “Равшан” -и  Кӯлоб,  ҷои 2- ум насиби дастаи “Шоҳин”-и  нохияи Шамсиддин Шоҳин ва чои 3-юм  насиби дастаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ  гардид. Ғолибони мусобиқа бо  медал  ифтихорнома ва  тӯҳфаҳои таъсис намудаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ  карда шуданд.

                                                                   Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code