Барномаи амал об барои ҳаёт – барномаи умумиҷаҳонӣ ва умумимиллӣ

   

   Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо олимону унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ конференсияи илмӣ- амалӣ таҳти унвони «Барномаи амал об барои ҳаёт – барномаи умумиҷаҳонӣ  ва  умумимиллӣ» доир карда шуд.

   Дар конференсия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Сайидмурод, Абдулло Ҳабибулло – ректори ДДК, Зафар Мирзоён- мушовири ректор оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, Раҳимов Сухроб директори Корхонаи воҳиди давлатии обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб  ширкат намуданд.  Нахуст муовини раиси шаҳри Кӯлоб  оид ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат гуфта гузаштанд. Қайд гардид, ки эъломияи мазкур на танҳо ба нафъи Тоҷикистон,  балки барои тамоми мардуми сайёра муҳимияти хос дошта, барои таъмин бо оби ошомидании тоза,  дар даҳ соли минбаъда мусоидати фаъол хоҳад намуд.

    Тоҷикистон бо пешниҳоди ин Аҳднома бори дигар собит намуд, ки ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон мавқеи муҳим дорад.

Муовини раиси шаҳр ҳамзамон дар бораи муваффақият ва мушкилоти Корхонаи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб ва  системаи обёрии заминҳои кишоварзӣ гуфта гузашта асосан дар мавриди сарфаю сариштакории  об, пардохти ҳақи маблағҳои об, тоза нигоҳ доштани об гуфта гузаштанд.

    Унвонҷӯён Мирмадова Мартаба, Шерхон Сулаймон ва докторанти ДДК Абдуҷаббори Абдулаҳад оид ба корҳои сомондодаи худ, ки бо роҳбарии мушовири ректор оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Зафар Мирзоён таи як моҳ таҳти унвони “Сарпарастони обҳои пок” аксия гузаронида   дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб ва хиёбону маҳаллаҳои шаҳр бо сокинон вохӯриву фаҳмондадиҳиҳо сомон доданд, гуфта гузаштанд ва  корҳои таблиғотиву ташвиқотии худро таҳти унвони “Сарпарастони обҳои пок”  тариқи монитор намоиш доданд.

  Сипас, иштирокдорони конференсия ба саволҳои худ аз муовини раиси шаҳр ва директори корхонаи обу канализатсияи шаҳр посух гирифтанд.

                                                         Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

         

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code