Кӯлоб. Кӯмак ба ниёзмандон

    Бо дастгирӣ  аз сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои ниёзманд ва шахсони яккаву танҳо, беморону маъюбон  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон   ва дигар шахсони эҳсонкор  як зумра кӯмакҳо расонида шуд.

Аз ҳисоби фонди захиравии  раиси шаҳри Кӯлоб ба  143 нафар нобиноён маблағи 14300 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Аз ҷониби роҳбарону ташкилоту муассисаҳои шаҳр ба 90 оилаҳои кабизоат маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, шакару биринҷ ва дигар маҳсулотҳои ниёзи мардум расониа шуд, ки 27 000 сомониро ташкил дод.

Дар анҷом додани чунин амалҳои хайр саҳми собибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша назарас буд. Аз тарафи соҳибкорон ба  172 нафар оилаҳои камбизоат ба маблағи 26345 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Ҳамзамон дар пайравӣ ба ин амалҳои хайру савоб аз тарафи  як соҳибкори маҳаллӣ хонаҳои истиқоматиии шахсони маъюб ба маблағи 25000 сомонӣ таъмир карда шуд.

Аз тарафи дигар соҳибкор 20 аробача, ки ҳар кадом маблағи 3 000 сомониро ташкил медиҳад ба маъюбон тақдим карда  шуд.

Ба 300 нафар оилаҳои ниёзманди ҷамоатҳои Зарбдор, Кӯлоб, Зиракӣ ва Даҳана ба маблағи 75 000 сомонӣ  маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.

Боиси зикр аст, ки итиҳодияҳои динии шаҳру деҳоти Кӯлоб   маблағи 71 000 сомонӣ садақаи «Фитр» ва «Закот» доданд.

Дар маҷмуъ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва иди Сайиди фитр ба шахсони яккаву танҳо, ятимону камбизоатон ва маъюбон  маблағи 300 000  сомонӣ кумак расонида шуд.

                                                                  Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code