Табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба иди сайиди Фитр 15 июни соли 2018

        Ҳамдиёрони азиз, дӯстони гиромӣ!

     Имрӯз иди саиди фитр дар саросари кишвари азизамон таҷлил карда мешавад. Иди саиди фитр муборактарин  ва муқаддастарин ид барои мардуми мусалмон ба ҳисоб меравад.

Ба ин муносибат   ҳамаи шумо ва дар шахси шумо тамоми мардуми шарифи Кӯлобро бо фарорасии иди сайиди Фитр табрику муборакбод гуфта, ба шумо файзу баракат, тани сиҳат,  дастархони пур аз нозу неъмат  ва саодату бурдбориро  орзу менамоям.

Шукру сипос Худованди қодиру тавоно, Истиқлолияти давлатӣ  ва Пешвои муаззами раиятпарвари моро, ки мардуми тоҷик ҳама идҳои милливу динии худро дар фазои сулҳу субот ҷашн мегиранд. Худи ҳамин тинҷиву оромӣ,   идгардаки хушбахтонаи кӯдакон, дастурхони пур аз нозу неъмат ва чеҳраи кушодаи  ҳар яки мо гувоҳ аз гуфтаҳои болост.

Шумо дар моҳи шарифи рамазон аз ҳама гуна амалҳои ношоиста парҳез намуда, амалҳои неки инсониро ба сомон расонидед, ки  ин амалҳо рукнҳои асосии рузадорӣ    мебошанд.

Дӯстони азиз! Дар чаҳорчуби иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамоҳангӣ бо соҳибкорони боҳиммат дар арафаи иди айём ба  оилаҳои ниёзманд, пирони барҷомондаву атфоли ятим, беморон, шахсони яккаву танҳо кӯмакҳо расонида шуд.

 Дар ояндаи назик  моро ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интизор аст. Пешвои миллат таъкид менамояд,ки «Дар давоми се соли дар пеш истода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад.

Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммом бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода шаванд.

Дар ин раванд ба ояндаи неки Ватанамон ва зиндагии боз ҳам беҳтари сокинони мамлакатамон нигаронидашуда бояд ҳама, аз аъзои Ҳукумат ва хизматчиёни давлатӣ сар карда, то соҳибкорону тоҷирон, ходимони дин ва ҳар як шаҳрванди кишвар саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.

Дар хотир бояд дошт, ки тибқи таълимоти ислом барои ободии Ватан анҷом додани чунин амалҳои хайр низ ибодат буда, аҷру савоби онҳо барои шахсоне, ки ба корҳои неку савоб иқдом мекунанд, бардавом ва ҷория аст.

Ислом покӣ, озодагӣ нексириштиву ростқавлӣ ва амсоли ин хислатҳои неки инсониро мепарварад. Аҳкоми ислом аз бандаи мӯъмин садоқат ба Ватан, хизмат ба халқ, дастгирии ҳамдигарӣ ва ба ин монанд арзишҳои бузургро хостор аст, ки ин ҳама ба принсипҳои аслии зиндагии башарият мутобиқ мебошад.

Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исломро дини  ба зоти худ маърифату хирад ва фарҳангу маънавиёти воло дошта унвон карда, дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон санаи 12 майи соли равон бо таассуф  аз зиёд шудани бемории вируси норасоии масъунияти одам, бемории нашъамандӣ, ходисаи ба худкушӣ даст задани ҷавонон,   пӯшидани ҳиҷоб ва либосҳои ба тоҷик бегона, ки ҳамватанонро фарогир шуда,  ҷомеаро ба қисмҳои мухолиф ҷудо менамояд, изҳори нигаронӣ намуданд.

  Таърихи инсоният нишон медиҳад, ки беэътиноӣ ба фарҳанги хеш ва бегонапарастӣ боиси маҳв шудани миллатҳои том шудааст. Дифоъ аз унсурҳои миллӣ вазифаи ҷонии мост ва дар ин маврид бояд аз пушидани либоси бегона ва зоҳирпарастӣ даст кашид.

    Ва мо ҷавононро бояд тавре тарбия намоем, ки ба номи миллату давлат сазовор бошанд ва нагузоранд, ки душманони миллат ин ватани биҳиштосои моро барои  мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

    Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш баробари дигар масъалаҳои мубрами рӯз нисбат ба эҳё ва рушду тараққӣ додани сайёҳӣ таъкид доштанд, ки Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Ин пешниҳоди Пешвои миллат аз як тараф барои рушду равнақ ёфтани сайёҳию эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ боис гардад, аз тарафи дигар барои беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум замина мегузорад.

Бо боварӣ метавон гуфт,ки  ҳунармандони шаҳри Кӯлоб, ки ҳамеша ливобардорони санъату ҳунар маҳсуб мешаванд,  бо ҳунари нотакрори худ  ҳар яки моро тасхир хоҳанд кард.

Дӯстони азиз! Дар чаҳорчуби иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамоҳангӣ бо соҳибкорони боҳиммат арафаи иди айём ба  оилаҳои ниёзманд, пирони барҷомондаву атфоли ятим, беморон, шахсони яккаву танҳо кӯмакҳо расонид. Бо истифода аз фурсат мехостам аз шахсони сарватманду доро даъват ба амал биёрам, ки дар ин рӯзҳои ид дасти саховати худро ба эҳтиёҷмандону нодорон дароз кунанд, зеро подоши саховат аз Кирдигори олам басо бузург хоҳад буд. Ҳамзамон мо тавонистем арафаи ид намоиши маҳсулоти ниёзи мардумро таъсис бидиҳем, ки сокинони шаҳр тавонистанд бо нархи нисбатан арзон маводи идонаи худро дастрас намоянд.

Умедворем, ки ҳамаи мову шумо дар якҷоягӣ барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани  ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   барои омода кардани шаҳри азизи худ ба пешвози ин ҷашни бузургу таърихӣ  саҳми муносиби худро мегузорем.

Бо ин ниятҳои хайр  ман бори дигар ҳамаи шумо ҳамдиёрони азизро ба фарорасии иди шарифи Рамазон  табрику таҳният гуфта, ба шумо файзу баракати рӯзгор, тинҷиву амонӣ ва сулҳу суботро таманно дорам.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code