Корхонаҳои худӣ либосҳои мактабӣ медӯзанд

   Имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб аз коргоҳи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кооператор», ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғуланд, боздид ба амал оварданд.

  Бояд гуфт, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 13 корхонаҳои дӯзандагӣ фаъолият доранд, ки аз ин ҳисоб чор корхона ба духти либосҳои мактабӣ машғуланд. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кооператор» аз ҷумлаи он корхонаҳоест, ки тибқи дархости мизоҷон фаъолият дорад. Дар коргоҳи мазкур беш аз си нафар занону духтарони маҳаллӣ аз рӯи дархости мизоҷон ба кор ҷалб гардидаанд.

  Лозим ба ёдоварист, ки дар ин корхона дар баробари духти либосҳо  духтарони хоҳишманд ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Барои хоҳишмандон панҷ нафар мутахассисон  аз Ҷумҳурии Қазоқистон тибқи дархост барои омӯзондани духтарони маҳаллӣ омадаанд.

  Дар ин корхонаи дӯзандагӣ айни ҳол беш аз 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ дар як баст ба кор ҷалб гардидаанд ва то ин вақт беш аз ҳафт ҳазор либосҳои мактабӣ духта шуда, барои ҳашт ҳазор либоси  дигар маблағ пешпардохт гардидааст. Аз рӯи шартнома то имрӯз чор муассисаи таълимии шаҳр бо либосҳои мактабӣ пурра таъмин шудаанд.

  Дар корхонаи мазкур ғайр аз либосҳои мактабӣ, либосҳои саҳнавӣ, махсуси корӣ, барои беморхонаҳо ва тибқи хоҳиши мизоҷон дӯхта мешаванд.

  Кормандони корхона мақсад доранд, ки дар оянда ба дӯхти либосҳои сафеди мактабӣ шуруъ намоянд.

  Чунин рафти кор имкон медиҳад, ки то оғози соли нави хониш аз ҳисоби корхонаҳои дӯзандагии  маҳаллӣ ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот бо либосҳои мактабӣ пурра таъмин карда шаванд.

                                                                    Бахши бойгонӣ-матбуотӣ