Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ва банди 15-и нақшаи чорабиниҳо  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар якҷоягӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб  бо фаъолон ва  аҳли ҷамоатчигии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зиракӣ, Зарбдор мулоқот доир намуданд.

   Дар рафти мулоқот бо аҳли ҷамоати шаҳру деҳоти Кӯлоб амри раиси шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар асоси он гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои деҳот таъсис дода шуд.

  Мақсад аз таъсиси гурӯҳҳои корӣ то ҷашни 30- солагии Истиқлолият ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунёди китобхонаву ҳаммом бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу, гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода шаванд.

   Аз соҳибкорону тоҷирон ва ҳар як сокинони шаҳру деҳот даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати  сазовор таҷлил намудани  30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.

                                                                   Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code