Таъмири хонаҳои баландошёна

  Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи давлатии фаръии истифодабарию истеҳсолии манзилӣ амал мекунанд, ки асосан ба ҳаллу фасли масоили хонаҳои баландошёна   равона карда шудааст.

  Роҳбарияти корхонаи давлатии фаръии истифодабарию истеҳсолии манзилӣ ният дорад, ки тибқи нақшаи таҳиянамуда дар якҷоягӣ бо сокинони хонаҳои баландошёна дар моҳи июн хонаҳои баландошёнаи  маҳалаи Сангак Сафаров №1, 2, 7, 13, 16, 17- ро бо сифат таъмиру рангу бор намоянд.

  Ҳамин тавр тибқи нақша таъмир дар дигар  маҳаллаҳои шаҳр, бахусус  хиёбони   Исмоили  Сомонӣ № 23, 24, 33, 107, 108, 110 ва Ҳофизи Шерозӣ № 1, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12  идома меёбад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code