Сохтмони хонаи баландошёна дар шаҳри Кӯлоб

   Дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб сохтмони  хонаи баландошёна  оғоз гардид.  Имсол аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим мувофиқи нақша  ҷудо намудани 2 млн сомонӣ дар назар  дошта  шудааст.  Иншооти мазкур  тавассути Идораи сохтмони асосӣ сохта мешавад. ҶДММ «Давлатманд», ки ғолиб тендер ва сохтмончии хонаи баландошёна  шинохта шудааст, айни ҳол 10 нафар мутахассисони маҳаллӣ ва ду нафар кормандони   муҳандисӣ -техникиро ба кор ҷалб кардааст.

Хона тибқи нақша 5-ошёна буда, дар маҷмуъ дорои 25 ҳуҷра мебошад, ки 10 адади он дар шакли  1 ҳуҷрагӣ, 10 адади дигар дуҳуҷрагӣ ва 5 адади боқимонда  дар  шакли   3- ҳуҷрагӣ  сохта  мешавад.

Дигар иншооти ҳаётан муҳим  ин таъмини маҳаллаи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ  мебошад. Тибқи нақшаи  дурнамо барои бо об таъмин намудани ин маҳалла  800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар маҷмуъ барои сохтмонҳои идораи сохтмонҳои асосӣ  4 млн сомонӣ ҷудо карда шудааст.

                                                                   Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code