Машварати навбатии раиси шаҳр

   Санаи 04 июни соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии раиси шаҳр баргузор гардида, аввалан масъалаи «Ҳолати иҷрои амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 19 майи соли 2018, №106 «Дар бораи ситоди шаҳрӣ оид ба захираи хӯроки чорво барои зимистонгузаронӣ» мавриди муҳокима қарор дода шуд.

   Дар муҳокимаи ин масъала раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло қайд намуданд, ки захираи хӯроки чорво барои давраи зимистонгузарони яке аз масъалаҳои асосии соҳаи чорводорӣ ба ҳисоб рафта, Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати иҷрои он дастуру супоришҳои мушаххас додаанд. Ҳамзамон Пешвои миллат рӯзи 1-июни соли ҷорӣ дар ноҳяи Темурмалик аз мавзеъҳои дарави алаф дидан карда, рӯзи 2- июн дар ноҳяи Данғара семинар- машварат оиди ин масъала доир намуда, барои сари вақти ҷамъоварӣ намудани захираи хӯроки чорво таъкид намуданд. Раиси шаҳр ёдовар шуданд, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб дар мавсими дарави алаф корҳо ташкил шуда бошанд, ҳам ба хоҷагидорон зарур аст, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд.

   Муовини якуми раиси шаҳр ва мутахассисони Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор карда шуданд, ки барои ҷалби теъдоди зиёди техникаҳои кишоварзӣ ва таъмини шароитҳои зрурӣ ба хоҷагидорон дар давраи мавсим дарав аз ҳамаи захираю имкониятҳо самаранок истифода намоянд.

 Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла:

омодагӣ ба ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру деҳот (27-июн)

– ҳолати духти либосҳои мактабӣ дар шаҳри Кӯлоб;

– ҳолати ҷамъоварии маблағҳои барқи истифодашуда;

– сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва таъмири муассисаҳои садамавию таъмирталаб;

– фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҳолати истеҳсоли маҳсулот;

– рафти таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии шаҳру деҳоти Кӯлоб;

– ҳолати тоза намудани заҳбуру каналҳо, рафти нигоҳубини пахта дар хоҷагиҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб;

– вазъи тозагии шаҳр, корҳои ободонӣ дар шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда, вазифаҳо муайян карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code