Ҳаракати сарпарастони обҳои пок

 

   Ба ибораи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд. Кишвари мо минбаъд низ бо ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли масоили ҳалталаби байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад».

    Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд,  177 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ва пазироӣ намудаанд. Ин ташаббуси Тоҷикистон ҷиҳати рушди устувор, захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор марбут ба захираҳои об мусоидат хоҳад кард. Гузашта аз ин даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» яке аз масъалаҳои таҳкими самаранокии захираҳои об, ғизо, энергия ва муҳити зистро фаро мегирад.

   Санаи 6 майи соли равон бо иштироки муовини раиси шаҳр Исмоилзода Саймурод, ховаршинос Зафар Мирзоён ва иштирокдорони   «Ҳаракати сарпарастони обҳои пок» машварати корӣ доир карда шуд.  Мутобиқи нақша аз санаи 6 июн то 12 июн  иштирокдорони  «Ҳаракати сарпарастони обҳои пок», ки аз донишҷӯёну магистрантҳои Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб иборатанд, бо сокинони 164  хонаи баландошёна  мулоқот анҷом дода, оид ба сарфаю сариштакорона истифодабарии оби ошомиданӣ, тоза нигоҳ доштани об, пардохти саривақтии маблағҳои   ҳақи об ва мушкилоти об дар сайёра    суҳбат мегузаронанд.

                                                                        Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code