Муассисаи таълимаш русӣ сохта мешавад

   Дар асоси қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 24 майи соли 2008, №289,   мактуби розигии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №25/6099 аз 24.05.2008 дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, квартали №5, тарҳи 164-и нақшаи заминистифодабарии шаҳр,  дар майдони умумии 3,0 га замин барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимаш бо забони русӣ барои 1200 ҷойи нишаст  ҷудо карда шуд.

   Қитъаи замини мазкур ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста карда шуда, муассисаи таълимӣ бо маблағгузории  Федератсияи Россия сохта ба истифода дода мешавад.

                                                       Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code