Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

   Ҳамасола санаи 5-июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар сартосари олам  таҷлил мегардад.

     Дар назди муассисаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр  ва минтақаи Кӯлоб ҳамоиши бузург бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ корҳои эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  таҳти унвони « Тозагии манбаҳои обӣ –вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост» аз ҷониби муасисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба намоиш  гузошта шуд.

   Дар қисмати тантанавии чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С, муовини раиси кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб Назарзода Зарина баромад намуда,  кормандони  хифзи муҳити зист ва ҳозиринро бо ин санаи муборак   табрик гуфтанд.

  Қайд гардид, ки соли 1972 дар шаҳри Стокголми Шветсия конференсияи умумиҷаҳонӣ доир гашт, ки дар он оид ба қайд кардани санаи 5-июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҷлил гардида, ба ин восита мардум аз вазъи муҳити атроф ва хатарҳои зиёновари экологӣ дар кишварҳои худ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо менамоянд ва баҳри бартараф кардани чунин мушкилиҳо талош меварзанд.

  Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини сарварии хеш дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар қатори тақвият  додани соҳаҳои иқтисодии мамлакат ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист низ аҳамияти хоса дода, барои таъмини амнияти санитарию экологии кишвар ғамхории доимӣ зоҳир менамоянд.

  Дар анҷоми чорабинӣ  собиқадорони ҳифзи муҳити зист ва муассисаҳои таълимии дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда бо  тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

                                             Бахши бойгонӣ -матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code