Рӯзи умумичаҳонии ҳифзи кӯдак дар ҷамоатҳои деҳот

  

    Дар асоси нақша-чорабиниҳои макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бахшида ба Рӯзи умумичаҳонии ҳифзи кӯдакон дар чор ҷамоатҳои деҳот аз ҷумла Зарбдор, Кӯлоб, Зиракӣ ва Даҳана бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тадбирҳои фарҳангӣ гузаронида шуд.

   Дар баргузории ин чорабиниҳои идона хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва тарбиягирандагони кӯдакистонҳо бо барномаи адабии иборат аз  аз шеъру таронаҳо, маълумотдиҳӣ дар бораи ҳуқуқи кӯдакон, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ, озмуну викторинаҳои саволу ҷавоб  баромад намуданд.

   Дар ҷараёни гузаронидани ин чорабиниҳо аз ҷониби Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб ба якчанд нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаҳои таваллуд ва туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.

     Чорабиниҳои фарҳангӣ бо рақсу  таронаҳонии кӯдакон ва хушҳолии онҳо хотима ёфт.

                                                            Бахши бойгонӣ- матбуотӣ   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code