Намоишгоҳи маводҳои ғизоӣ дар шаҳри Кӯлоб

 

   Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгирии  Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи ордбарории шаҳри Кӯлоб (Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Суғдиён»)  дар арафаи Иди сайиди Рамазон ва ҷашни Вахдати миллӣ дар шафати «Деҳқонбозор» нуқтаҳои фурӯш ва  ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва макарон   ташкил карда шудааст, ки мардум ин маводҳои ғизоиро бо нархи дастрас харидорӣ карда истодаанд.

   Ҳамзамон рӯзи якшанбе  аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархи дастрас ба фурӯш бароварда шуд.

  Ҳамин тавр то Иди сайиди Фитр дар назди «Деҳқонбозор»  рӯзи якшанбеи минбаъда низ намоишгоҳ ва фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил карда мешавад.

  Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code