Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар шаҳри Кӯлоб

               

      Имрӯз боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳр макони шодиву сурур ва хандаҳои беғаши тифлакон буд.  Рӯзи байналмилалии кӯдакон аз баргузории чорабинии варзишии кӯдакона,  озмуни рассомони ҷавон  ва намоиши ҳунарҳои дастони моҳири боғчаҳои бачагона оғоз гардид.

   Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб,  муҳтарам Хайрулло Амонулло  кӯдакони хуштолеъ ва хушбахти замони истиқлолиятро ба Рӯзи  байналмилалии  кӯдакон табрик гуфта,  ба онҳо  тани сиҳат, бахту саодат ва осмони софу беғубор   орзу намуд.

    Қайд карда шуд, ки дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму таҳсили онҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аҳамияти махсус дода мешавад, зеро ба қавли Пешвои муаззами миллат  рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз аз  тарбияи дурусти кудакону ҷавонон вобаста мебошад.

    Бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас ва дарёфти падидаҳои нав дар ҷодаи ихтироъкорӣ, забономӯзӣ соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардид ва тибқи он дар шаҳрамон марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар навбати худ ба рушди муассисаҳои томактабӣ таъмиру азнавсозии онҳо, боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон, фарогирии теъдоди бештари онҳо ба ин муассисаҳо диққати хоса медиҳад.

   Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба таълиму тарбияи 1356 нафар  кӯдакони синни томактабӣ  57 нафар мураббиён машғуланд. Аз он ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ 1181 нафар, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ 175 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Дар баробари ин дар назди 35 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 41 гурӯҳҳои Маркази рушди барвақтии кӯдакон ё Марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 757 нафар фаро гирифта шудаанд.

    Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Кӯлоб  ба мураббиёну омӯзгорони фаъол  ифтихорномаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб супорида шуда, аз ҷониби раиси шаҳр ва фаъолон ба ғолибони мусобиқаи велосипедронӣ дар миёни кудакон, озмуни рассомони ҷавон  ва иштирокдорони фаъоли чорабинӣ туҳфаҳо тақдим карда шуд.

   Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ кудакон суруд хонданду рақсиданд ва дар  фазои софу беғубори мамлакат хушҳолӣ намуданд.

                                                Бахши бойгонӣ – матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code