Суханронии Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло дар таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак ( 1 июни 2018)

      Фарзандони азиз!

      Омӯзгорони муҳтарам !

      Ҳозирини гиромӣ!

     Рӯзи байналмилалии ҳифзи кдак ҳамасола рӯзи 1 июн дар тамоми дунё истиқбол гардида, таҷлили ин санаи фархунда  таваҷҷухи ҷомеаи ҷахониро  ба кӯдакон  афзунтар мегардонад.

Кӯдакон ин рӯзи фараҳбахшро бесаброна интизорӣ мекашанду ба ин рӯз омодагӣ   мегиранд.

Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо табрику таҳният гуфта, ба Шумо тани сиҳат, бахту саодат ва осмони софу беғубор   орзу менамоям.

Дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму таҳсили онҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аҳамияти махсус дода мешавад, зеро ба қавли Пешвои оқилу дурандеши миллат  рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз аз  тарбияи дурусти кудакону ҷавонон вобаста мебошад.

Дар хотир бояд дошт, ки мардуми тоҷик аз қадим бо китоб ва илм сару кор дошту илму адабиёт ва фарҳанг  ҷузъи ногусастании мардуми тоҷик буд.

Бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас ва дарёфти падидаҳои нав дар ҷодаи ихтироъкорӣ, забономӯзӣ соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардид ва тибқи он дар шаҳрамон марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда шудаанд.

Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳам аз ҷумлаи он иқдомоти муҳими давлат аст, ки ба хотири ҳарчӣ бештар мушаххас гардонидани вазифаҳои сохтори гуногуни ҳавасманду манфиатдори мақомоти марбута ва падару модар дар раванди ба воя расонидани насли соҳибмаърифату соҳибфарҳанг ва вориси ҳақиқии ин марзу бум мусоидат менамояд. Мебояд таъкид намуд, ки қонуни мазкур бо ташаббуси Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо дарназардошти пешниҳоду таклифҳои кулли мардуми Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Ҳоло дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрамон  комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият дорад, ки баҳри амалисозии сиёсати имрӯзаи давлат оид ба кӯдакону наврасон тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Комиссияи мазкур барои дар сатҳи зарурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон чораҷӯӣ намуда, ҳамзамон баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуротҳои манфӣ аз ҷониби ноболиғон чораҳои зарурӣ амалӣ намуда,  бо прокуратура, суд, шӯъбаи маориф ва дигар сохторҳои марбута ҳамкории зич дошта, иҷроиши Нақшаи амалии миллиро ба роҳ мондааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар навбати худ ба рушди муассисаҳои томактабӣ таъмиру азнавсозии онҳо, боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон, фарогирии теъдоди бештари онҳо ба ин муассисаҳо диққати хоса медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар шаҳри  Кӯлоб 70  муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла: 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей,  Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, 2 интернат,  Маркази таҳсилоти иловагӣ,  Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо,  Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ,  фароғатгоҳи «Шарора», 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ,  амал мекунанд,ки  дар соли хониши 2017-2018 46091 нафар хонандагонро ба таҳсил фаро гирифтанд.

   Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба таълиму тарбияи 1356 нафар  кӯдакони синни томактабӣ  57 нафар мураббиён машғуланд. Аз он ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ 1181 нафар, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ 175 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Дар баробари ин дар назди 35 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 41 гурӯҳҳои Маркази рушди барвақтии кӯдакон ё Марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 757 нафар фаро гирифта шудаанд.

Мо ҳамеша заҳмати омӯзгорону мураббиёнро  қадр карда, мекӯшем барои онҳо шароити хуби корӣ фароҳам биёрем, зеро онҳо насли навраси моро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатпарастӣ ва ободкориву созандагӣ тарбия мекунанд. Умедворем, дар оянда низ омӯзгорону мураббиёни  гиромии мо дар тарбияи насли наврас, пешрафти ҷамъият ва рушду инкишофи он саҳми арзандаи худро мегузоранд.

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои насли ҷавон, бахусус маъюбон,  кудакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат  фароҳам овардааст. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як чорабинии муҳташам, хусусан идҳои миллӣ    нисбат ба кӯдакону ҷавонони   бесаробон тадбирҳои мушаххаси иловагӣ  амалӣ карда  мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳар як кудаки  ятим   таҳти ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат фаро гирифта шудааст.

Кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки  насли ҷавон  барои гирифтани дониши баланд ва ба камол расидан ҳамчун шаҳрвандони бомаърифат, солиму тансиҳат, соҳибтамаддун ва   дорои ахлоқи ҳамида тамоми шароитҳоро дошта бошанд.

Мутобиқ ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, ҳамасола туйҳои хатнасури теъдоди зиёди кӯдакони ятиму бепарасторро мегузаронанд. Фақат дар 5 моҳи соли ҷорӣ хатнасури 104 нафар кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд доир карда шуд.

Моро мебояд дар самти тарбияи насли наврас ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон муносибати ҷиддӣ дошта бошем, зеро фардои Ватани мо дар дасти онҳост. Зеҳни кӯдак мисли варақи сафеди холист, ки ҳарчӣ дар он навишта шавад фардо ҳамон хонда хоҳад шуд. Аз ин рӯ лозим аст, ки фарзандонамонро аз овони кӯдакӣ дуруст тарбия намуда, бо онҳо донишҳои мукаммал диҳем ва насли созандаро ба воя расонда, дар оянда бо дили пур ихтиёрдории ин мулки биҳиштосоро ба дасти онҳо бисупорем.

Бо ҳамин ниятҳои накӯ бори дигар Шуморо ба Рӯзи байналмиллалии кӯдакон табрику муборакбод менамоям.

Ид муборак бод!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code