ҶДММ «Суғдиён»-и шаҳри Кӯлоб ба кор даромад

   

    Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Суғдиён» ва ё корхонаи ордбарории шаҳри Кӯлоб баъд аз танаффуси тулонӣ ба кор оғоз намуда аст.  Корхонаи ордбарорӣ  корхонаи саноатиест, ки шумораи беш аз 40-нафар сокинонро  ба кори доимӣ ҷалб намуда, дар як сол 2 000 тонна ғалларо коркард менамояд.

    Корхонаи мазкур орди навъи якум ва дуюмро тавлид намуда, бо сифати аъло пешниҳоди аҳолӣ менамоянд. Таъмини корхона бо технологияи навин истеҳсоли маҳсулоти ордро афзун,  ниёзи мардумро қонеъ ва воридоти орди навъи якум ва дуюмро ба бозорҳои шаҳри Кӯлоб коҳиш дод, зеро сокинон бештар аз маҳсулоти корхонаи ордбарории шаҳри Кӯлоб истифода мебаранд.

   Ба наздикӣ дар хоҷагиҳои деҳконии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, маъракаи дарави ғалладонагӣ оғоз меёбад ва  масъулин бо бастани шартномаи тарафайн гандуми маҳаллиро дастрас карда, маҳсулот тайёр менамоянд.

   Корхонаи ордбарории шаҳри Кӯлоб бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҷҳизоти навтарин таъмин гардидааст, ки онро мутахассисони тоҷик бо компютер идора менамоянд.

   Айни ҳол ҳамаи дастгоҳҳои корхона дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар ду баст кормандон паи истеҳсоли маҳсулоти аълосифати ватанӣ қарор доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат имконоти васеъро ба миён гузоштааст, то саноатчиён дар замони рушди техналогияи навин эҳтиёҷоти сокинони маҳалро бартараф намоянд.

   Рохбарияти корхонаи ордбарорӣ ният дорад, ки минбаъд корхонаи ордбарории шаҳр дар баробари омода кардани маҳсулоти  ордӣ инчунин маҳсулоти хӯроки  чорворо низ коркард намоянд.

  Дар назар дошта шудааст, ки аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон ва корхонаи ордбарории шаҳри Кӯлоб дар арафаи Иди саиди Рамазон ва ҷашни Вахдати миллӣ дар шафати Деҳқонбозор мавзеи нуқтаҳои фурӯш ва  ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ,  аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ  ташкил карда шавад.

                                                        Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code