Шавад обод мулк аз хайрамардон

   

  Нафақахурони яккаву танҳо, маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандон таҳти ғамхориву сарпарастии пайвастаи давлату ҳукумат  қарор доранд.

    Таҳти таассуроти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷомеаи кишвар бахшида  ба моҳи шарифи рамазон  маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандону  кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша  дастгирӣ ёфта истодаанд.

   Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона» амал мекунад, ки  ба шахсони яккаву танҳо хизматрасонӣ менамоянд.

     Қайд намудан ҷоиз аст, ки санаи 31 майи соли равон   соҳибкори Кӯлобӣ  Ҷаъфаров  Ҳабиб  300 нафар ниёзмандон, маъюбон ва нобиноёнро бо сару либос таъмин намуда ба  25 нафар нафақахурони муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона» ба маблағи 100 сомонӣ кумаки молиявӣ расонид. Бар замми некукорӣ соҳибкор Ҷаъфаров Ҳабиб ба тоҷироне, ки  дар моҳи шарифи рамазон нархҳоро боло мебардоранд, нафрин хонда, амали онҳоро ноҷавонмардона меҳисобад.

    Ахсан ба акаи Ҳабиб ва мисли ӯ мардони саховатпеша, ки ба ниёзмадон дасти ёрӣ дароз мекунанду мулк аз накукории  онҳо обод мегардад.

  Шавад обод мулк аз хайрамардон,

  Дар олам хайрмардон зинда бодо !

                                                    Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code