Фаровонии бозор дар рушди соҳаи кишоварзӣ аст

   Кишоварзони Кӯлобӣ ҷиҳати иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ  саҳми муносиб гузошта мувофиқи дурнамои кишти зироатҳо имсол дар майдони  3000 га пахта, 3086 га ғаладонагиҳо, 1000 га сабзавот аз ҷумла помидор 270 га, бодиринг 160 га, пиёз 350 га, картошка 151,5 га,  полезӣ 130 га,  зироатҳои хӯроки чорво 450 га, дигар намуди сабзавотҳоро  дар майдони  75 га  кишт намуда  нақшаи дурнаморо  барзиёд иҷро кардаанд.

Баромади пахта дар қитъаҳои киштшуда пурра таъмин гардида, имрӯзҳо коркарди дастию механикии  байни қаторҳо идома дорад.

То имрӯз дар майдон 2016 га ягонакунӣ ва дар майдони 1480 га озуқаи якуми пахта  дода шудааст.

 Ҷамъоварии зироатҳои барвақтӣ, аз ҷумла картошка ва  пиёз оғоз шудааст.

Мувофиқи супоришҳои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон имсол дар майдони 2291 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Вазъи ҳолати чорвои ҷамъиятию шахсӣ муътадил арзёбӣ шуда,  чорвои ҷамъиятию аҳолӣ ба чарогоҳҳои тобистона сафарбар карда шуданд.

Мушоҳида мешавад, ки аллакай нархи маводҳои кишоварзӣ аз қабили пиёзу картошка ва бодирингу помидор поён  фуромада  аст.

                                                                 Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code