Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳангӣ миллӣ

   

Бо мақсади муаррифии ҳунарҳои мардумӣ,  бахшида ба эълон гардидани Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар ҷамоатҳои деҳот аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  тибқи нақша  чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ доир шуда истодааст.

Дар асоси ин нақша  санаи  30 майи соли равон дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар миёни занон  Конференсияи илмӣ- амалӣ таҳти унвони  «Ҳунарҳои мардумӣ- муаррифгари фарҳангӣ миллӣ» баргузор шуд.

Қабл аз оғози  конференсия  ҳунари  ҳунармандони ҷамоат  ба намоиш  гузошта шуд, ки дар он ҳунармандон  ҳунарҳои аз гузаштагон меросгирифтаи худ, аз қабили  чакандӯзӣ, қаламарезгидӯзӣ, тоқидӯзӣ, курпачадӯзӣ, табақтарошӣ ва амсоли инҳоро  ба намоиш гузоштанд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон, муовини раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва ҳунармандони ҳудуди ҷамоат ширкат намуданд. Баромадкунандагон зимни баромадҳои хеш дар мавзӯҳои «Фарҳангӣ либосдории тоҷикон», «Руймолчадӯзӣ низ ҳунар аст», «Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест»   баромад намуданд.

Ҳунари ҳунармандон аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуда, ғолибон бо ифтихорномаи раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ  сарфароз гардонида шуданд.

                                                               Бахши бойгонӣ –матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code